Нахустин анҷумани сармоягузории СҲИ дар Душанбе

Рӯзҳои 27-28 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад гашт. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, мақсади баргузории Нахустин анҷумани сармоягузории СҲИ барои Осиёи Марказӣ тамаркуз кардан ба масъалаҳои рушди сармоягузорӣ ба иқтисоди он кишварҳо дар чаҳорчӯби Нақшаи СҲИ дар Осиёи […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои 27-28 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад гашт.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, мақсади баргузории Нахустин анҷумани сармоягузории СҲИ барои Осиёи Марказӣ тамаркуз кардан ба масъалаҳои рушди сармоягузорӣ ба иқтисоди он кишварҳо дар чаҳорчӯби Нақшаи СҲИ дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт, коҳиши камбизоатӣ, маориф, илму техника, сайёҳӣ ва тандурустиро дар бар мегиранд.

Дар кори анҷумани мазкур аз иштирок ва суханронии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, котиби кулли СҲИ Иёд Амин Маданӣ, президенти Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ, президенти Палатаи исломӣ оид ба савдо, индустрия ва кишоварзӣ (ICCIA) Солеҳ Абдулло Камол интизорӣ меравад.

Дар анҷуман намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Бо назардошти зарурати тавсеъа ва густариши шарикии минтақавӣ ва ҳамгиройии иқтисодӣ, ба шумули кишварҳои осиёимиёнагии узви СҲИ Афғонистон ва Озарбойҷон низ ба Анҷуман шомиланд.

Дар ҳамин ҳол, дар торнамои расмии Бонки исломии рушд бахшида ба форуми Душанбе 

як саҳифаи махсус

 боз шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.