Эмомалӣ Раҳмон 10 ҳазор нафарро афв мекунад

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ дар руҳияи инсондӯстӣ, раҳму шафқат ва бо мақсади бахшидани гуноҳҳо дар арафаи 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар шарҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ дар руҳияи инсондӯстӣ, раҳму шафқат ва бо мақсади бахшидани гуноҳҳо дар арафаи 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Дар шарҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, ки амали ин қонун доираи шахсонеро фаро мегирад, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур ҷиноят содир намуда, аз нигоҳи ҷинс, синну сол, вазъи саломатӣ ва бартараф гардидани хавфнокии ҷинояти содирнамудаашон ба авфи гуноҳ эҳтиёҷ доранд.

Дар Қонуни мазкур гурӯҳи шахсоне, ки нисбати онҳо авф татбиқ мегардад, тартиб ва муҳлати иҷрои санади зикргардида, мақомоти иҷрокунандаи ин санад, инчунин ҳалли дигар масъалаҳое, ки ба татбиқи авф алоқаманданд, пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ки шахсони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, ки аз чор се ҳиссаи ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд, аз маҳбас ва идомаи минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.

Ҳамчунин аз адои ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ғайриҳабсӣ занон, ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, шахсоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, шахсони гирифтори бемориҳои саратон, сили узвҳои нафас ва шуш, бемории дил, шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд ё худсарона қисми ҳарбиро тарк кардаанд ва шаҳрвандони хориҷӣ озод карда мешаванд.

Ба ғайр аз ин, маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, сарфи назар аз намуди ҷазои ҷиноятии таъиншуда ва шахсоне, ки ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд ва ба онҳо то 5 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.

Ҳамчунин шахсоне, ки ба муҳлати зиёда аз 5 соли маҳрумӣ аз озодӣ маҳкумшуда, аз се ду ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, агар онҳо ҷиноятҳои махсусан вазнинро содир накарда бошанд, низ аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.

Шахсоне, ки нисбати онҳо барои қасдан содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ва ҷазоҳои дигари ғайриҳабсӣ таъин карда шудаанд ва ҳамчунин шахсоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрумӣ аз озодиашон то як солу шаш моҳ боқӣ мондааст, ба истиснои шахсоне, ки ҷиноятҳои одамкушӣ, таҷовуз ба номус, хиёнат ба давлат, бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, ҷосусӣ, тахрибкорӣ ва ҷиноятҳои ба терроризм алоқамандро содир намудаанд, аз адои минбаъдаи ҷазо ва ҷавогарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Мувофиқи лоиҳаи Қонуни мазкур кам кардани муҳлати ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ нисбати дигар маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад.

Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ Қонуни мазкур нисбати зиёда аз 10 ҳазор гумонбаршудаҳо, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад.

Қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» амали инсондӯстона буда, барои ба кору зиндагии осоишта ва муҳити оила баргардонидани шахсони ҷиноятсодирнамуда ва ислоҳ гардидани онҳо мусоидат хоҳад кард.

Афви охирини 13-ум дар Тоҷикистон соли 2011 ба муносибати 20-солагии истиқлолияти кишвар эълон шуда, тибқи он беш аз 4 ҳазору 300 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуданд, ки миёни онҳо 196 нафарашонро занон ва 153 нафарашонро ноболиғон ташкил доданд. Боз муҳлати ҷазои ҳудуди 5 ҳазор нафар маҳкумшудагон кам карда шуд. Он замон афв ба зиёда аз 5 ҳазор нафар афроди мавриди тафтиш ё дар мурофиаи судӣ қарордоштаву ҳанӯз маҳкумнашуда низ дахл кард.

Бино ба маълумоти Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон 17 адад муассисаи ислоҳӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрвандон нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.