Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс

– Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ «Шоми балет» доир мегарадад. Оғоз соати 18-00;

– Дар Душанбе маросими пӯшидашавии Синамобазми шашуми байнулмилалии «Дидор» баргузор мешавад.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9953

сомонӣ;


1

евро –

6.3764

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1215

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1936

— Дар Сталинобод бинои дуошёнаи вокзали роҳи оҳан мавриди истифода қарор гирифт.


2008

— Дар Душанбе дафтари нави кории Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) боз шуд.


2010

— Суди Олии Русия фаъолияти Созмони умумирусиягии ҷамъиятии «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия»-ро манъ кард.


2011

— Миёни парлумонҳои Тоҷикистону Эрон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.


858-941

– Зодрӯзи асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.


1924

– Мавлуди доктори улуми тиббӣ Саъдинисо Ҳакимова.


1933

– Зодрӯзи Омӯзгори шоистаи ИҶШС Идӣ Халифаев.


1938

– Мавлуди шоир, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Бозор Собир.


1950

— Зодрӯзи журналист Қурбон Мадалиев.


1953

– Мавлуди файласуф Рустам Назаров.


1959

– Зодрӯзи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +17+23.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25, дар доманакӯҳҳо шабона -1+5, рӯзона +16+21.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +4+9, рӯзона +14+19;  дар шарқи вилоят шабона -5-10, рӯзона +6+11.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона +4+8, рӯзона +18+23.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +24+26.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +24+27.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +22+25.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +17+19.

spot_imgspot_img

Популярное