Натиҷагирӣ аз фаъолияти 9-моҳа дар шаҳрдории Хуҷанд

Маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд дар толори маҷлиси Кохи фарҳанги шаҳри Хуҷанд доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, маҷлиси фаъолонро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода оғоз намуд ва арз кард, ки дар маҷлис муовини Раиси вилояти Суғд Хайрулло Амонулло, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо, сарварони мактабҳои олӣ ва миёна, раисони кумитаи маҳаллаҳо […]

ASIA-Plus



Маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд дар толори маҷлиси Кохи фарҳанги шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, маҷлиси фаъолонро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода оғоз намуд ва арз кард, ки дар маҷлис муовини Раиси вилояти Суғд Хайрулло Амонулло, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо, сарварони мактабҳои олӣ ва миёна, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва дигар фаъолони шаҳр ҳузур доранд.

Масъалаи Маҷлис-натиҷабардорӣ аз фаъолияти нӯҳмоҳаи хоҷагии халқ дар самти иҷтимоиёт ва иқтисодиёти шаҳр аст. Дар ин хусус муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов маърӯза намуда, арз намуд, ки оид ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2014 нашрияи «Тирози ҷаҳон» омори аниқу муфассалро ба интишор додааст. Сарфи назар аз ин маълумот бояд бигӯям, ки – гуфт Иброҳим Иброҳимов сокинони шаҳри Хуҷанд дар соли ҷашнҳои 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 20-солагии Сарқонуни кишвар, 20-солагии Суруди миллӣ, Соли роҳҳи обод ва соли гулкориву ободонӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар ба даҳҳо дастовард ноил гардиданд.

Масалан, дар фосилаи нуҳ моҳ корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 357420,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,3 фоиз зиёд аст. Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Хуҷанд боз 34 корхонаи хурду миёна таъсис ёфт, ки боиси бо кор таъмин шудани чанд корҷӯй гардид. Ба аҳолӣ ва корхонаҳо 414,9 млн.кв/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд. Толорҳои варзишӣ чи дар дохили мактабҳо ва чи дар маҳаллаҳои аҳолинишин афзуда, то охири сол сохтмони он идома хоҳад ёфт. Аз сад фоизи кудакони шаҳр ҳафтод фисадаш дар хона тарбия мегирад. Раёсати шаҳр тасмим дорад, ки шумори кудакистонҳо зиёд карда шуда, шароити беҳтари таълиму тарбияи кудакони синни томактабӣ таъмин гардад. Маърӯзачӣ изҳор кард, соли равон қабули шаҳрвандон тариқи равзанаи ягона вусъат гирифт ва ба қабули раиси шаҳр 862 шаҳрванд омада, масъалагузорӣ кард ва ба муаммояш ҷавоб гирифт.

Дар таърихи шаҳри Хуҷанд, ягон маротиба  давоми як сол 76 км роҳ асфалтпӯш ё таъмир нашуда буд. ҳанӯз ҳаво мусоид аст ва иҷрои нақшаи дурнамои асфалтхобонӣ дар шаҳр, ки 116 км-ро ташкил медиҳад, идома дорад.

Мавсуф доир ба фаъолияти дигар самтҳои хоҷагии халқ низ ба ҳозирин маълумот дод.

Баъдан, бо таклифи Раҷаббой Аҳмадзода мудири бахши энергетика ва саноати шаҳр Абдураҳим Солиев сухан кард. ӯ гуфт, ки корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда тибқи нақша фаъолият бурда, 122% нақшаро иҷро карданд. Вале бо сабаби дарёфт накардани харидори маҳсулот ва норасонии техникаи нав 14 корхона фаъолият набурд.

Роҳбари корхонаи консервабарории шаҳр ба саволи Раиси шаҳр посух дод, ки то ба корхона технологияи нав ворид нагардад, роҳи ҳалли масъала мушкил аст. –Модом ки корхона хусусӣ гардидааст, роҳу усули ҳалли масъаларо бояд ёфт ва маҳсулотро ба хориҷа бояд содир кард -гуфт Хайрулло Амонулло.

Сипас, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Саидмухтор Ҷалолов, мудири бахши тандурустии шаҳр Абдумуталиб Каримов, муовини сардори кумитаи андози шаҳр, аз хусуси корҳои анҷомдодаи сохторашон дар фосилаи нуҳ моҳ ҳисобот додан два ба саволҳои раиси шаҳр посух гуфтанд.

Раиси шаҳр масъулинро вазифадор кард, ки омодагӣ ба зимистон комил гардад. Аҳолӣ захираи озуқаро барои зимистон таъмин созад. Нархи нуқлу навои бозор аз қабили гушту биринҷ, картошкаву пиёз назорат бурда шавад, растаи ғайриқонунии атрофи бозори «Панҷшанбе» ба эътидол оварда шавад. Чароғонкунии роҳи маҳаллаҳои Мевағулу роҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва ДДҲБСТ суръат гирад.

Раиси шаҳр оид ба маъракаи муҳими сиёсӣ-обуна ба нашрияҳо махсус таъкид кард ва талаб гузошт, ки то 1-уми ноябр нақша иҷро гардад.

Сипас, муовини Раиси вилоят Хайрулло Амонулло сухан карда, доири пешрафти соҳаи саноат кам намудани бақияи андоз, вазъи бемории зардпарвин ва ободии шаҳр изҳори назар намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд бо вазифагузориҳои ҷиддӣ ба фаъолон ва масъулини соҳаҳо ба маҷлис хотима бахшид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.