Ҳамлаи мусаллаҳонаи ғоратгарон ба манзили як сокини Ҳисор

Як гурӯҳи роҳзанони мусаллаҳ бо корд ва чӯбдаст (бита) ба манзили як сокини ноҳияи Ҳисор ворид шуда, бо таҳдиди зӯрӣ аз он ҷо ба маблағи зиёда аз 8 ҳазор ҳазор сомонӣ воситаҳои пулӣ ва дигар чизҳоро бо худ бурдаанд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯ дар робита ба даст доштан дар […]

ASIA-Plus



Як гурӯҳи роҳзанони мусаллаҳ бо корд ва чӯбдаст (бита) ба манзили як сокини ноҳияи Ҳисор ворид шуда, бо таҳдиди зӯрӣ аз он ҷо ба маблағи зиёда аз 8 ҳазор ҳазор сомонӣ воситаҳои пулӣ ва дигар чизҳоро бо худ бурдаанд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯ дар робита ба даст доштан дар содир шудани ин ҷиноят сокинони ноҳияи Ҳисор – Фарҳод Абдуллоев, Баҳрулло Мустафоқулов, ҳарду 21-сола ва Сиёвуши Одилҷони 21-сола боздошт шудаанд, ки рӯзи 9-уми октябр шабона ба манзили сокини ҳамин ноҳия Р.С.-и 36-сола ворид гардида, ӯ ва фарзандонашро таҳдиди куштан мекунанд.

«Сипас бо чӯбдаст ба сараш зада, дасту даҳони фарзанди ноболиғаш Р.Ҷ.  соли таваллудаш 2002-ро бо скотч баста, аз ҳуҷраи истиқоматиашон 1500 сомонӣ, 2 адад телефони мобилӣ ва ҷавоҳиротҳои тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 8050 сомониро ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд», – омадааст дар иттилои ВКД.

Гуфта мешавад, далелҳои шайъӣ гирифта шуда, нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки Фарҳод Абдуллоев, Баҳрулло Мустафоқулов ва Сиёвуши Одилҷон ҳамчунин ба содир намудани

ҷинояти ҳамлаи мусаллаҳона

ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Умед-88» дар кӯча Шестопалови пойтахт низ гумонбар дониста мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.