Дар ҳошияи сафар ба Иттиҳоди Аврупо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 20 октябри соли 2014 бо вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Люксембург Жан Асселборн вохӯрӣ барпо намуд.
Бино ба иттилои департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Люксембург, аз ҷумла дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, мубодилаи афкор намуда, бо ишора ба потенсиал ҷиҳати рушди муносибатҳои дуҷониба, ба мувофиқа расиданд, то барои таҳкими минбаъдаи он дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маориф чораҳои зарурӣ андешанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сироҷиддин Аслов рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар кори ҷаласаи 4-уми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ширкат варзид.
Гуфта мешавад, зимни ҷаласаи Шӯро ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, фарҳанг ва маориф, татбиқи Стратегия ИА дар Осиёи Марказӣ ва лоиҳаву барномаҳои ИА дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуда, ҳамзамон масоили минтақавию байналмилалиро муҳокима карданд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар фарҷоми ҷаласа изҳороти муштарак оид ба истиқбол намудан аз қарори Комиссияи Аврупо роҷеъ ба қабул намудани Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2014-2020 дар ҳаҷми 251 млн. евро, ки дар чаҳорчӯби Стратегия нави ИА барои Осиёи Марказӣ амалӣ хоҳад шуд, ба имзо расид.
Бояд қайд кард, ки дар кори Шӯро ҷониби Иттиҳоди Аврупоро Муовини вазири корҳои хориҷии кишвари раисикунандаи ИА (Италия) Бенедетто Делла Ведова раҳбарӣ намуд.



