Баррасии масоили ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Люксембург

Дар ҳошияи сафар ба Иттиҳоди Аврупо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 20 октябри соли 2014 бо вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Люксембург Жан Асселборн вохӯрӣ барпо намуд. Бино ба иттилои департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Люксембург, аз ҷумла дар чаҳорчӯби созмонҳои […]

ASIA-Plus



Дар ҳошияи сафар ба Иттиҳоди Аврупо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 20 октябри соли 2014 бо вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Люксембург Жан Асселборн вохӯрӣ барпо намуд.

Бино ба иттилои департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Люксембург, аз ҷумла дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, мубодилаи афкор намуда, бо ишора ба потенсиал ҷиҳати рушди муносибатҳои дуҷониба, ба мувофиқа расиданд, то барои таҳкими минбаъдаи он дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маориф чораҳои зарурӣ андешанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сироҷиддин Аслов рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар кори ҷаласаи 4-уми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ширкат варзид.

Гуфта мешавад, зимни ҷаласаи Шӯро ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, фарҳанг ва маориф, татбиқи Стратегия ИА дар Осиёи Марказӣ ва лоиҳаву барномаҳои ИА дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуда, ҳамзамон масоили минтақавию байналмилалиро муҳокима карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар фарҷоми ҷаласа изҳороти муштарак оид ба истиқбол намудан аз қарори Комиссияи Аврупо роҷеъ ба қабул намудани Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2014-2020 дар ҳаҷми 251 млн. евро, ки дар чаҳорчӯби Стратегия нави ИА барои Осиёи Марказӣ амалӣ хоҳад шуд, ба имзо расид.

Бояд қайд кард, ки дар кори Шӯро ҷониби Иттиҳоди Аврупоро Муовини вазири корҳои хориҷии кишвари раисикунандаи ИА (Италия) Бенедетто Делла Ведова раҳбарӣ намуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.