– Чанде аз ВАО дар мавод бобати ба садама дучор шудани автомашинаи Вазорати нақлиёт аввали ҳамин ҳафта дар қаламрави ноҳияи Ишкошим ба баъзе носаҳеҳӣ роҳ додаанд, – гуфт дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев.
Ба гуфтаи ӯ, зимни ҳаракати автомашина бо 17 нафар сарбозон баллони як чархи автомашина кафида, дар натиҷа се нафар сарбозон ҷароҳати сабук гирифтаанд ва имрӯз аз госпитал рухсатӣ мешаванд.
«Бо тамоми масъулият изҳор медорам, ки маълумоти дар чанде аз ВАО интишоршуда оид ба дар ин садама ҷароҳат бардоштани беш аз 20 нафар сарбозон ва тариқи чархбол ба Душанбе интиқол додани 5 нафари аз онҳо асоси воқеӣ надорад», – таъкид дошт сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ.



