Коҳиши назарраси содироти нахи пахта аз Тоҷикистон

Соли ҷорӣ ҳаҷми содироти нахи пахта аз Тоҷикистон, ки маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфт. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 73,5 млн. доллари ИМА 43,8  ҳазор тонна нахи пахта содирот шудааст, ки нисбат […]

Пайрав Чоршанбиев



Соли ҷорӣ ҳаҷми содироти нахи пахта аз Тоҷикистон, ки маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 73,5 млн. доллари ИМА 43,8  ҳазор тонна нахи пахта содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи арзиш 40,5% ва аз рӯи ҳаҷм 41,2% камтар аст.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 9 моҳи соли 2013 аз Тоҷикистон ба маблағи умумии 123 млн. доллари ИМА 74,5 ҳазор тонна нахи пахта содирот шуда буд.

Соли 2013 Тоҷикистон дар маҷмӯъ 115 ҳазор тонна нахи пахтаро ба хориҷи кишвар содирот карда буд, ки маблаги умумиаш 190 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Соли 2012 ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба 144 ҳазор тонна ва мабалғи умумиаш ба 224 млн. доллари ИМА баробар буданд.

Имсол нахи пахта аз Тоҷикистон асосан ба Туркия, Покистон, Русия, Эрон ва як қатор кишварҳои дигар содирот шуд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта кишоварзони тоҷик беш аз 395 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, дар мавсими имсола зиёда аз 400 тонна ҳосили ин зироатро ба даст оварданианд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.