Имрӯз дар Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими расмии ботантанаи ифтитоҳи конгресс ва намоишгоҳи China mining-2014 баргузор шуд.
Дар доираи чорабинии мазкур ҳамоиши роҳбарони бахшҳои саноати кӯҳкории кишварҳо доир гардид, ки дар он Тоҷикистонро сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Мурод Хол намояндагӣ кард.
Бино ба иттилои Саридораи геологияи ҶТ, Мурод Хол ҳамчунин бо роҳбари Хадамоти геологии Чин вохӯрии дуҷониба анҷом дорда, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои муштарак муҳокима гардиданд.



