Тоҷикистону вилояти Маскав моҳи декабр созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд

Нимаи аввали моҳи декабри соли ҷорӣ имзои созишнома миёни вилояти Маскави Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар назар аст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Маскав, рӯзи чорашнбеи ҳамин ҳафта вохӯрии губернатори вилояти Маскав Андрей Воробев бо раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайддуллоев доир гардида, дар он ҳамкориҳо […]

ASIA-Plus



Нимаи аввали моҳи декабри соли ҷорӣ имзои созишнома миёни вилояти Маскави Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар назар аст.

Бино ба иттилои

хадамоти матбуоти

ҳукумати вилояти Маскав, рӯзи чорашнбеи ҳамин ҳафта вохӯрии губернатори вилояти Маскав Андрей Воробев бо раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайддуллоев доир гардида, дар он ҳамкориҳо миёни вилояти Маскав ва Тоҷикистон баррасӣ шудаанд.

«Мо ба мувофиқа расидем, ки давоми даҳаи аввали моҳи декабри соли равон созишномаи ҳамкории дуҷониба омода ва ба имзо мерасад, ки як қарордоди фарогир буда, бахшҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг ва бахшҳои гуманитариро дар бар хоҳад гирифт», – иброз доштааст М.Убайдуллоев.

Дар иттилои мазкур таъкид мешавад, ки айни замон миёни вилояти Маскав ва Тоҷикистону минтақаҳои он ҳуҷҷатҳои қарордодӣ дар бахши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ вуҷуд надошта, лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ амалӣ намешаванд.

«Фаъолияти хориҷии иқтисодии вилояти Маскав бо Тоҷикистон бар асоси қарордод ва шартномаҳои мустақим миёни субъектҳои хоҷагидории ҷонибҳо сурат мегирад», – қайд мешавад дар иттилои хадамоти матбуоти вилоят.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.