Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон боз бо як минтақаи Чин



Чанде қабл раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо ҳайати минтақаи Шэнсии Чин таҳти роҳбарии котиби генералии ҳукумати Шэнси Чжан Сяонин мулоқот орост.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни суҳбат масоили рушд ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуда, раиси ПСС ҶТ изҳор намуд, ки Чин яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон ба шумор рафта, соли 2013 ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо ба 2 млрд. доллари ИМА расид ва ҳамчунин миёни давлатҳо комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ пурсамар амал мекунад.

«Дар доираи рушди ҷанбаи иқтисодии эҳёи Роҳи Абрешим Тоҷикистону Чин бояд ҳамкориҳо бо таваҷҷуҳ ба рушди шарики минтақавӣ, аз ҷумла миёни Шэнси ва минатқаҳои Тоҷикистонро фаъол созанд», – иброз дошт ӯ.

Шариф Саид ҳамчнунин пешниҳод кард, ки масъалаи дар соли 2015 дар Душанбе барпо намудани намоишгоҳ-ярмаркаи минтақаи Шэнси ва ҳамоиши тоҷирону соҳибкорони ҳарду ҷониб баррасӣ карда шавад.

Дар навбати худ, Чжан Сяонин ин пешниҳодро пазируфта, ҷониби Тоҷикистонро ба иштирок дар Ярмаркаи тиҷоративу сармоягузории 19-уми ЭКСПО Роҳи Бузурги Абрешим дар Сиан ва ташкили Гӯшаи маҳсулоти Тоҷикистон дар он, ки соли оянда аз 22 то 25-уми май доир мегардад, даъват кард. 

spot_imgspot_img

Популярное