Маскавро аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ «пок месозанд»

Дар шаҳри Маскав аз ҷониби кормандони мақомоти пулис, Хадамоти федералии муҳоҷират, Хадамоти федералии амният ва хадамоти махсус амалиёти «Муҳоҷир-2014» шурӯъ шуд, ки санаи 23-юми октябр оғоз гардида, то 2-юми ноябр идома меёбад. Ҳадаф аз амалиёти мазкур тақвияти назорат аз болои вазъи тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти ҷамъиятӣ, солимгардонии вазъ дар шаҳри Маскав ва ҳамчунин пешгирии қонуншиканӣ […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Маскав аз ҷониби кормандони мақомоти пулис, Хадамоти федералии муҳоҷират, Хадамоти федералии амният ва хадамоти махсус амалиёти «Муҳоҷир-2014» шурӯъ шуд, ки санаи 23-юми октябр оғоз гардида, то 2-юми ноябр идома меёбад.

Ҳадаф аз амалиёти мазкур тақвияти назорат аз болои вазъи тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти ҷамъиятӣ, солимгардонии вазъ дар шаҳри Маскав ва ҳамчунин пешгирии қонуншиканӣ дар бахши қонунгузории муҳоҷират дар гирду атрофи пойтахти Русия унвон мешавад.

Бино ба иттилои Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав, ҷиҳати иштирок дар амалиёт беш аз 450 гурӯҳҳои фавриву ҷустуҷӯӣ таъсис дода шудаанд, ки ба онҳо беш аз 4,5 ҳазор нафар кормандони мақомоти пулис шомил гардидаанд.

Гуфта мешавад, зиёда аз 1,5 ҳазор иншоот, аз ҷумла минтақаҳои саноатӣ, бозорҳо, хобгоҳҳо, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва истгоҳҳои автомашинаҳо, меҳмонхонаҳо ва хонахо дар бахши манзил мавриди санҷиши дақиқ қарор дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ғайр аз ин, корхонаҳои хусусии посбонӣ ва иншооти зертобеъи онҳо оид ба масъалаи ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба кор низ санҷида мешаванд.

Мақомоти пулиси Маскав аз ҳамаи шахсоне, ки доир ба иқомати ғайриқонунии муҳоҷирон, «хонаҳои резинӣ» ва дигар қонуншиканиҳо аз ҷониби муҳоҷирон маълумот дорад, дархост намудааст, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳанд. Зикр мегардад, ки аз рӯи ҳамаи маълумоти расида санҷишҳо гузаронида мешаванд.

Тибқи иттилои Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Маскав, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон худро ба қайди муҳоҷират гузошта, зиёда аз 100 ҳазор нафарашон патенти ҳуқуқи амалисозии фаъолияти корӣ ва ҳудуди 30 ҳазор нафар иҷозатнома барои корро ба расмият даровардаанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба санаи 2-юми октябри соли равон беш аз 1 млн. 152,7 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштаанд, ки тақрибан 975 ҳазор нафарашонро мардон ва зиёда аз 177 ҳазор нафарашоно занон ташкил додаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар зарфи 9 моҳи соли равон каме бештар аз 676 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишварро ихтиёр намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 17% камтар аст. Дар ин давра ҳудуди 398 ҳазор нафар муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан баргаштаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.