– Масъалаҳои амалисозии ҳама гуна лоиҳаҳои бузурги сармоягузориро ҳукумати Тоҷикистон бояд дақиқона мавриди баррасӣ қарор диҳад, зеро маблағгузории онҳо ба коҳиши фазои фискалӣ барои дигар хароҷот боис мегардад, – гуфта мешавад дар
гузориши
Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони «Ҷумҳурии Тоҷикистон: Эзоҳот оид ба хароҷоти давлатӣ».
Зикр мегардад, ки тайи 6 соли ахир хароҷоти асосии аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ маблағгузоришуда зимни афзоиши масрафот ба бахши энергетика афзудаанд.
«Афзоиши хароҷоти асосӣ ба бахши энергетика аксаран ба маблағгузории лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун вобаста аст, ки ба он аз се як ҳиссаи тамоми хароҷоти асосии аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ маблағгузоришуда рост меояд», – қайд мекунанд муаллифони гузориш ва таъкид месозанд, ки «ба маблағгузорӣ ба сиёсати иҷтимоӣ, бахусус бахшҳои маориф, тандурустӣ ва барномаҳои кумаки иҷтимоӣ талабот хеле зиёд аст».
Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ мутмаинанд, ки маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи Роғун бояд то анҷоми арзёбии фанниву иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоии мувофиқи мақсад будани лоиҳа маҳдуд карда шавад.
Дар гузориш зикр мегардад, ки маблағгузории буҷетӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз 0,8%-и соли 2008 то ба 2,7% ба ҳисоби миёна дар давраи солҳои 2009-2012 афзуданд.
«Ба ҷуз воситаҳои ҷалбшуда дар доираи ташаккули сармояи худии ширкат дар соли 2010, маблағгузории ҳукумат ба ин лоиҳа аксаран аз ҳисоби коҳиши дигар хароҷоти асосӣ амалӣ мешавад. Дар натиҷа вазни хоси маблағгузории асосии давлатӣ ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз 11% дар соли 2008 то ба 30%-и ҳамасола дар давраи солҳои 2009-2012 зиёд шуд. Дар давраи арзёбии лоиҳа ҳукумат маблағгузорӣ ба лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро 30% (62 млн. %) кам кард», – таъкид месозанд муаллифони гузориш.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки ба ҳиссаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун қариб аз се як ҳиссаи буҷети асосии ҳукумат рост меояд. «Дар доираи нақшаи сармоягузориҳо дар давраи солҳои 2010-2012 ҳукумат ба азнавсозии лоиҳаи нерӯгоҳ 3,6 млрд. сомонӣ (710 млн. $) ҷудо кард. Дар нақшаи сармоягузориҳо барои солҳои 2013-2015 ҷудо кардани боз 3,6 млрд. сомонӣ (710 млн. $) ё худ ҳудуди 28% аз буҷети асосии ҳукумат бо назардошти хароҷот ба нигоҳдорӣ, таъмир аз ҳисоби фондҳои ғайрибуҷетӣ пешбинӣ шудааст», – омадааст дар гузориш.
Дар идома муаллифони гузориш хотирррасон мекунанд, ки то ҳол ҳукумат тамоми хароҷот ба сохтмони нерӯгоҳи Роғунро аз ҳисоби буҷет ва дигар сарчашмаҳои дохилӣ маблағгузорӣ мекард. «Соли 2010 бо мақсади ҷалби воситаҳо барои лоиҳа ҳукумат ташаббуси ташаккули сармояи худии нерӯгоҳро роҳандозӣ намуд. Дар посух ба нигаронии изҳоршуда аз ҷониби шарикон оид ба рушд нисбати оқибатҳои манфии иҷтимоӣ ва макроиқтисодии чунин маърака, ҳукумат ба боздоштани ин маърака худи ҳамон сол розӣ шуд. Сарфи назар аз ин, дар доираи маъракаи мазкур 820 млн. сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ гардида, соли 2011 ҳукумат боз 197 млн. сомонӣ ба даст овард. Воситаҳои ҷалбшуда дар доираи ин маърака дар депозитҳои Бонки миллии ҷумҳурӣ ва бонкҳои маҳаллӣ нигоҳдорӣ мешаванд», – зикр мегардад дар гузориш.



