Эмомалӣ Раҳмон дабири кулли СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт

Пас аз анҷоми қисмати ифтитоҳии Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон панҷ нафар иштирокдорони воломақоми ин ҳамоишро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданиро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Пас аз анҷоми қисмати ифтитоҳии Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон панҷ нафар иштирокдорони воломақоми ин ҳамоишро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданиро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмон баррасӣ шуд.

“Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори болоравии нақши Созмони ҳамкории исломӣ, ки барои ҳалли масъалаҳои печидаи ҷаҳони ислом пайваста кӯшишҳо ба харҷ медиҳад, буд ва мемонад”,- изҳор дошт зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон.

Иёд Амин Маданӣ барои созмондиҳии бомуваффақияти Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе ба Сарвари давлат ва кулли масъулони Тоҷикистон арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Изҳори бовар карда шуд, ки ин ҳамоиши бонуфуз натиҷаҳои назаррас хоҳад дод.

Ҳамчунин изҳори умед карда шуд, ки зарфиятҳои молиявӣ ва сармоягузории Бонки Исломии Рушд, Хазинаи ҳамбастагии исломӣ, Идораи махсуси кӯмакҳои башардӯстона ва дигар бунёдҳои мададрасон ҷиддан боло бурда мешаванд ва кишварҳои рӯй ба рушди мусулмонӣ аз кумакҳои бештари давлатҳои қудратманди ҷаҳони ислом баҳравар мегарданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.