Такмили малакаи касбии кормандони АНМН дар мубориза бо пулшӯйӣ



Дар чорчӯбаи Барномаи минтақавии “Барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя” оид ба муқовимат ба ҷиноятҳои вобаста ба шустани маблағ ва коррупсия дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ семинари дурӯза кори худро оғоз намуд. Семинари мазкур бо дастгирии Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ташкил гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, семинарро коршиноси байналмиллалӣ оид ба мубориза бо шустани маблағи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Вена ҷаноби Оливер Гадни мегузаронад.

Гуфта мешавад, дар рафти семинар 10 корманди ҷавони Агентӣ ва 5 аъзои Шӯрои собиқадорони Агентӣ дониши худро дар доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла пешгирии шустани маблағ, ошкор намудани сарчашмаи маблағгузории терроризм ва ифротгароӣ, инчунин тафтиши ҳодисаҳои маблағгузории фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар алоқаманд мебошанд, такмил медиҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷаноби Гадни ба ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба гузаронидани семинари мазкур баҳои баланд дода, қайд намуд, ки ин семинари аввалин мебошад, ки дар кишварҳои аъзои Барномаи минтақавии “Барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя” ташкил карда шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное