Такмили малакаи касбии кормандони АНМН дар мубориза бо пулшӯйӣ

Дар чорчӯбаи Барномаи минтақавии “Барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя” оид ба муқовимат ба ҷиноятҳои вобаста ба шустани маблағ ва коррупсия дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ семинари дурӯза кори худро оғоз намуд. Семинари мазкур бо дастгирии Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ташкил гардид. Бино ба иттилои шуъбаи […]

ASIA-Plus



Дар чорчӯбаи Барномаи минтақавии “Барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя” оид ба муқовимат ба ҷиноятҳои вобаста ба шустани маблағ ва коррупсия дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ семинари дурӯза кори худро оғоз намуд. Семинари мазкур бо дастгирии Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ташкил гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, семинарро коршиноси байналмиллалӣ оид ба мубориза бо шустани маблағи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Вена ҷаноби Оливер Гадни мегузаронад.

Гуфта мешавад, дар рафти семинар 10 корманди ҷавони Агентӣ ва 5 аъзои Шӯрои собиқадорони Агентӣ дониши худро дар доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла пешгирии шустани маблағ, ошкор намудани сарчашмаи маблағгузории терроризм ва ифротгароӣ, инчунин тафтиши ҳодисаҳои маблағгузории фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар алоқаманд мебошанд, такмил медиҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷаноби Гадни ба ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба гузаронидани семинари мазкур баҳои баланд дода, қайд намуд, ки ин семинари аввалин мебошад, ки дар кишварҳои аъзои Барномаи минтақавии “Барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя” ташкил карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.