Ҳалокати як духтари ноболиғ зери чархи автомашина дар назди бозори «Корвон»

Date:



Рӯзи 29-уми октябри ҳафтаи равон дар назди бозори «Корвон»-и пойтахт садамаи нақлиёт ба вуқӯъ пайваст.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, ронандаи автомашинаи  ВАЗ-2106,  Мурод Ҳусейнови 50-сола, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти бозори «Корвон» ба самти дидбонгоҳи Чимтеппа, дар назди деҳаи Гулпарвари ҷамоати деҳаи Чимтеппа, аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Таманои Илҳомҷон, хонандаи синфи 4-уми литсеи №6-и шаҳри Душанберо пахш намудааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ноболиғ Таманои Илҳомҷон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...