Боздошти ҷинояткори 11 сол пеш корманди милисаро қатлкарда

Дар вилояти Суғд ҷинояти куштори корманди милиса, ки 11 сол қабл содир гардида буд, ошкор шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл зимни як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар куштори корманди милиса, сокини ҷамоати Кулканди ноҳияи Исфара Маҳмудҷон Акрамов сокини 37-солаи ҳамин ноҳия, қаблан маҳкумшуда […]

Мавлуда Рафиева



Дар вилояти Суғд ҷинояти куштори корманди милиса, ки 11 сол қабл содир гардида буд, ошкор шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл зимни як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар куштори корманди милиса, сокини ҷамоати Кулканди ноҳияи Исфара Маҳмудҷон Акрамов сокини 37-солаи ҳамин ноҳия, қаблан маҳкумшуда бо моддаи 328, қ. 1 КҶ ҶТ (Истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият) Ҳамид Исроилов боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, шаби 22-юми апрели соли 2003 боздоштшуда бо корманди милиса дар назди бинои 23/2-и кӯчаи Ленини шаҳри Исфара вохӯрда, ба ӯ бо корд ду зарба мезанад, ки дар натиҷа корманди милиса дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. «Мақсади ба ин амал даст задани боздоштшуда алҳол маълум нест», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел маводи ҷамъшуда ба парвандаи ҷиноии оғозшуда тибқи моддаи 104, қ. 1 (Одамкушӣ) аз 22-юми апрели соли 2003 илова шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.