Дар Бадахшон «Хоруғи нав» бунёд мекунанд

Date:



Қаламрави маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ васеъ карда шуда, ҳукуматдорон ният доранд, ки як мавзеъ бо номи «Хоруги нав» бунёд кунанд.

Тавре

«Россия для всех»

бо истинод ба Шодихон Ҷамшедов, раиси ВМКБ хабар медиҳад, барои сохтмони мавзеи «Хоруғи нав» 200 гектар қитъаи замин ҷудо гардидааст.

«Хоруғ аз аввал бидуни нақшаи генералӣ сохта шуда, танҳои солҳои ахир ба таҳияи он пардохтанд ва акнун тибқи он, васеъ кардани қаламрави шаҳр ва ободонии он тарҳрезӣ шудааст. Мо 200 гектар қитъаи замини ба шаҳр ҳамроҳшударо ҷудо намудем, ки дар ин мавзеъ мавзеи нав – «Хоруғи нав»-ро сохтанием. Дар ин ҷо ҳама зербинои шаҳри муосир низ бунёд мегардад», – мегӯяд раиси вилоят.

Ба гуфтаи ӯ, барои таҳияи нақшаи генералӣ раҳбарияти ҷумҳурӣ маблағи муайянеро ҷудо кардааст ва аллакай аз соли 2015 барои бунёди мавзеи нави шаҳр ҳудуди 20 млн. сомонӣ (беш аз 4 млн. $) ихтисос дода мешавад, ки ба таъмини сокинон бо манзили зист ва ба қадре ҳал кардани масъалаи шуғли аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

«Шаҳри Хоруғ барои зисту кори 15 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шуда, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, имрӯз дар ин шаҳр ҳудуди 35 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Агар саривақт тадбире дар ин самт андешида нашавад, рӯйи кор омадани мушкилоти иҷтимоиву демографӣ аз эҳтимол дур нест. Хушбахтона, имрӯз ҳам аз буҷети кишвар ва ҳам аз ҷониби ташкилотҳо ҷиҳати рушди вилоят воситаҳои зиёд маблағгузорӣ мешаванд», – қайд кардааст Ш.Ҷамшедов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...