Терминали нави Душанбе 3-юми ноябр боз мешавад

Терминали нави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) рӯзи 3-юми ноябр дарҳои худро барои мусофирон боз мекунад. Котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки муддати ду рӯз дар терминали нав ба хатсайрҳои озмоишӣ – як хатсайри қабул ва ду хатсайри аз фурудгоҳ парвозкунанда хизматгузорӣ анҷом дода шуда, терминал пурра фаъолият хоҳад […]

Меҳрангез Турсунзода



Терминали нави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) рӯзи 3-юми ноябр дарҳои худро барои мусофирон боз мекунад.

Котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки муддати ду рӯз дар терминали нав ба хатсайрҳои озмоишӣ – як хатсайри қабул ва ду хатсайри аз фурудгоҳ парвозкунанда хизматгузорӣ анҷом дода шуда, терминал пурра фаъолият хоҳад кард.

Ба гуфтаи ӯ, тамоми калидҳо ба ихтиёри кормандон ва раҳбарияти фурудгоҳ супурда шуда, муддати як ҳафта мутахассисони фаронсавӣ ҳамроҳи кормандони тоҷик фаъолият мекунанд ва сипас иншоот комилан ба мутахассисони тоҷик супурда мешавад.

«Давоми як сол мутахассисони Фаронса барои кормандони мо тренингҳо мегузаронанд, зеро тамоми низому технология муосиру замонавӣ аст. Сипас мустақилона кор хоҳем кард», – иброз дошт М.Шодиев.

Зимнан зикр гардид, ки терминали кӯҳнаи фурудгоҳ барои хизматгузорӣ ба хатсайрҳои дохилӣ фаъолият хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки санаи 3-юми сентябри соли ҷорӣ бо иштироки президенти мамлакат

маросими расмии ифтитоҳи терминали нави

Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе баргузор шуд. Моҳи апрели соли 2009 миёни Тоҷикистону Фаронса оид ба сохтмони терминали нав дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расида буд. Аввали соли 2010 корҳои сохтмони терминал аз ҷониби собиқ паймонкорони лоиҳа – ширкатҳои фаронсавии Alpha airport ва Sofema Group боздошта шуд.

Он замон муовини директори генералии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Азиз Иброҳимов дар ҷамъи рӯзноманигорон дар ин робита изҳор дошта буд, ки «сабаби мутаваққиф сохтани сохтмони терминали нав номутобиқатии меъёрҳои сохтмонии ҷонибҳо мебошад». Тибқи баъзе маълумот, он замон ширкатҳои фаронсавӣ ҷиҳати барқарор кардани корҳои сохтмонӣ маблағгузории иловагӣ талаб карда будаанд.

Моҳи октябри соли 2012 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Протоколи молиявӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Фаронса оид ба лоиҳаи сохтмони терминали нави ФБД аз 1-уми майи соли 2009 ва Созишномаи иловагӣ ба протоколи мазкур аз 29-уми июни соли 2012-ро тасдиқ кард.

Тибқи созишномаи иловагӣ, ҳиссаи Тоҷикистон дар сохтмони терминали нав аз 7 млн. то 19 млн. евро афзуд. Ҳиссаи Фаронса дар лоиҳаи мазкур бошад, дар ҳаҷми пешина – 20 млн. евро боқӣ мемонад.

Санаи 28-уми декабри соли 2012 ширкати Vinci S. A-и Фаронса корҳои сохтмон дар терминалро барқарор намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.