Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург дар Душанбе

Рӯзҳои 7-8-уми ноябр дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзхои фарҳанги шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешаванд. Котиби матбуотии мақомоти шаҳрдории пойтахт Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар чорабиниҳо бахшида ба ин рӯзҳо раиси шаҳри Санкт-Петербург Григорий Полтавченко иштирок хоҳад кард. «Дар доираи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Санкт-Петербург дар Душанбе консертҳои пуршукӯҳ, вохӯриву машваратҳои доираҳои […]

Меҳрангез Турсунзода



Рӯзҳои 7-8-уми ноябр дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзхои фарҳанги шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешаванд.

Котиби матбуотии мақомоти шаҳрдории пойтахт Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар чорабиниҳо бахшида ба ин рӯзҳо раиси шаҳри Санкт-Петербург Григорий Полтавченко иштирок хоҳад кард.

«Дар доираи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Санкт-Петербург дар Душанбе консертҳои пуршукӯҳ, вохӯриву машваратҳои доираҳои кориву тиҷоратӣ доир мегарданд, ки дар онҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ, маориф, тандурустӣ, омӯзиши забони русӣ, рушди муносибатҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, илму фарҳанг ва ғайра баррасӣ мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки Санкт-Петербург яке аз шаҳрҳои аввалинест, ки пас аз соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ санаи 6-уми октябри соли 1991 дар бораи бародаршаҳр шудани шаҳрҳои Душанбеву Санкт-Петербург шартнома ба имзо расонида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.