Нисбати 27 нафар занони маҳкумшуда дар Тоҷикистон афв татбиқ намешавад

Нисбати 27 нафар занони маҳкумшуда дар Тоҷикистон қонуни афв мавриди амал қарор намегирад. Аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар маҷмӯъ аз муассисаҳои ислохии кишвар 3,5 ҳазор маҳкумшудагон ба озодӣ мебароянд. Қонуни афв ҳамчунин нисбати 4,5 ҳазор нафар, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ (муассисаи ислоҳии сукунат […]

ASIA-Plus



Нисбати 27 нафар занони маҳкумшуда дар Тоҷикистон қонуни афв мавриди амал қарор намегирад.

Аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар маҷмӯъ аз муассисаҳои ислохии кишвар 3,5 ҳазор маҳкумшудагон ба озодӣ мебароянд.

Қонуни афв ҳамчунин нисбати 4,5 ҳазор нафар, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ (муассисаи ислоҳии сукунат ва ғайра) адои ҷазо мекунанд, низ мавриди амал қарор гирифта, муҳлати ҷазои 2 ҳазор нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад.

Аз муассисаи ислоҳӣ барои занон 287 нафар озод шуда, нисбати 27 нафар занони маҳкумшуда қонуни афв татбиқ намешавад, зеро онҳо аллакай ду маротиба мавриди афв қарор гирифтаанд.

Аз муассисаи ислоҳӣ барои кӯдакон 58 нафар кӯдакон озод ва нисбати се нафар ноболиғ қонуни афв мавриди амал қарор намегирад.

Ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд, озод карда мешаванд. Миёни онҳо 155 нафар шаҳрвандони Афғонистон, 80 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон, 39 нафар шаҳрвандони Русия, 32 нафар шаҳрвандони Қирғизистон ва ҳамчунин шаҳрвандони кишварҳои Нигерия, Туркия, Ироқ, Эрон ва ғайра ҳузур доранд.

Ҳамчунин 63 нафари маҳкумшуда, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кардаанд ё ғайриқонунӣ хизмати ҳарбиро тарк карданд, низ озод мешаванд.

Ғайр аз ин, 112 нафар маҳкумшудагоне, ки ба бемориҳои саратон, сили узвҳои нафас ва шуш, бемории дил гирифторанд, низ ба озодӣ мебароянд.

Бино ба маълумоти Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон 17 адад муассисаи ислоҳӣ фаъолият дошта, дар онҳо ҳудуди 13 ҳазор нафар шаҳрвандон адои ҷазо мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи афв» қабул шуд, ки нисбати 10 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон мавриди амал қарор дода мешавад.

Афви охирини 13-ум дар Тоҷикистон соли 2011 ба муносибати 20-солагии истиқлолияти кишвар эълон шуда, тибқи он беш аз 4 ҳазору 300 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуданд, ки миёни онҳо 196 нафарашонро занон ва 153 нафарашонро ноболиғон ташкил доданд. Боз муҳлати ҷазои ҳудуди 5 ҳазор нафар маҳкумшудагон кам карда шуд. Он замон афв ба зиёда аз 5 ҳазор нафар афроди мавриди тафтиш ё дар мурофиаи судӣ қарордоштаву ҳанӯз маҳкумнашуда низ дахл кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.