Афзоиши ММД-и Тоҷикистон дар соли 2015 то 6% коҳиш меёбад

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) бар ин назаранд, ки афзоиши ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2015 то 6% коҳиш меёбад. Бино ба пешгӯии онҳо, аз рӯйи натиҷаҳои соли равон ҳаҷми ММД-и кишвар дар нисбати 7,4%-и соли 2013 то 6,5% камтар мешавад. Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ тамоили поинравии ҳаҷми афзоиши ММД Тоҷикистонро мутаносибан ба таъсири […]

Пайрав Чоршанбиев



Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) бар ин назаранд, ки афзоиши ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2015 то 6% коҳиш меёбад.

Бино ба пешгӯии онҳо, аз рӯйи натиҷаҳои соли равон ҳаҷми ММД-и кишвар дар нисбати 7,4%-и соли 2013 то 6,5% камтар мешавад.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ тамоили поинравии ҳаҷми афзоиши ММД Тоҷикистонро мутаносибан ба таъсири сустшавии рушди иқтисод дар Русия ва нишондиҳандаҳои паст дар содироти маҳсулоти асосӣ мансуб медонанд.

Тибқи пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2016 ҳаҷми афзоиши ММД Тоҷикистон 6,3%-ро ташкил хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, тибқи пешгӯии ҳукумати кишвар, соли 2015 ММД Тоҷикистон дар ҳаҷми 52,8 млрд. сомонӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар ҳисоби воқеъӣ дар сатҳи 7,2% пешбинӣ гардидааст. Аз рӯи натиҷаҳои соли равон ҳаҷми ММД 47 млрд. сомонӣ бо афзоиши 7,6% ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли 2013 ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ беш аз 40 млрд. 524,5 млн. сомонӣ (зиёда аз 8,5 млрд. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба таносуби нархҳо аз нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 7,4% зиёдтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.