Рӯзи дарҳои кушод барои мизоҷони «АксесБонк Тоҷикистон»

Date:



«АксесБонк Тоҷикистон» дар филиалҳои худ бахшида ба  «Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо» чорабинии  «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор намуд. Чорабинӣ дар доираи Барномаи баландбардории саводнокии молиявии аҳолӣ гузаронида шуд.

Дар иттилоияи расмии «АксесБонк Тоҷикистон» дар ин робита зикр мегардад, ки дар чорабинӣ мизоҷони «АксесБонк», инчунин сокинони дар ҳамсоягии филиал зиндагӣ доранд, иштирок намуданд.

Сардори Шӯъбаи кор бо мизоҷони филиали Ғафуроваи «АксесБонк Тоҷикистон» – Сайисмонова Камила дар назди иштирокдорони семинар баромад намуда, аз ҷумла муҳиммият ва рӯзмарагии рушди барномаи баландбардории саводнокии молиявии аҳолиро қайд намуд. 

«Тартибдиҳии дурусти мақсади молиявии оила ба шумо имкон медиҳад, ки воситаҳои пулиро самаранок захира намоед, ки дар оянда метавон барои таълими кӯдакон, беҳдошти хонаи худ, бунёди шароитҳои мусоид барои зиндагӣ ва ғайра сарф намуд. Барои ин танҳо лозим аст, ки нақшаи хароҷоти буҷаи оилавиро батартиб риоя намуд.  Мисол, пулҳоро барои чорабиниҳои оилавӣ дар суратҳисоби алоҳидаи бонкӣ, дар суратҳисобҳои пасандозии бонкӣ пасандоз намуд», – афзуд дар баромади худ Сайисмонова Камила.   

Мавзӯи асосии баромад банақшагирии молиявии шахсӣ гардид, ки мумайизони «АксесБонк» ба шунавандагон чи тавр бо ёрии баҳисобгирӣ ва назорати даромаду хароҷоти худ босуботии оилавӣ ба даст овардан ва дуруст банақшагирии хароҷотҳои худ гуфта доданд.

Ҳамаи иштирокдорони семинар тавонистанд, ки ба саволҳои худ посул гиранд, инчунин дар озмуни интерактивии шавқовар иштирок намуданд. Иштиродорони бештари фаъол, ки ба ҷавобҳои дуруст ба саволҳои саводнокии молиявӣ доданд, соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.


МАЪЛУМОТНОМА:

«АксесБонк Тоҷикистон» бо чор филиали дар пойтахт ва яктоӣ филиал дар шаҳри Хӯҷанд, Турсунзода, Қӯрғонтеппа доштааш, яке аз таҳвилгарони пешсафи хизматрасониҳои маблағгузории хурди мамлакат, маҳсуб меёбад. Моҳи сентябр дар вилояти Суғд макркази аввалини хизматрасонии бонкӣ кушода шуд. Имрӯзҳо бонк дорои шабакаи филиалӣ ва кормандони ботаҷриба буда, ба зиёда аз 10 000 мизоҷ хизмат мерасонад.

«АксесБонк Тоҷикистон» соли 2009 аз ҷониби Бонки Авпупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD), Корпоратсияи Байналмиллалии Молия (IFC), Бонки Рушди Олмон (KfW)  ва «AccessHolding» бунёд ёфтааст.

Самти асосии фаъолияти бонк – қарздиҳии тиҷорати микро ва хурду миёна мебошад. Дар тӯли фаъолияти чорсолаи худ бонк дар қисмати қарзӣ нишондодҳои хеле баландро ба даст овард. Моҳи августи соли 2014 маблағи умумии сандуқи қарзии бонк зиёда аз 50 млн. доллари ИМАро ташкил дод. Ду сол пеш, баъди гирифтани иҷозатнома барои ҷалби пасандозҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, сандуқи пасандозии  «АксесБонк»  андозаи зиёда аз 3,5 млн. доллари ИМАро ташкил дод. Интизор меравад, ки  тамоюли афзоиши устувор дар солҳои наздик нигоҳ дошта мешавад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...