Ба бахши кишоварзии Тоҷикистон Чин 800 млн. $ маблағузорӣ карданист

Date:



Дар шаҳри Пекин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Волии музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Сиэ Фучжанро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин музофоти Чин баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, ширкатҳои ин музофот бо Тоҷикистон ҳамкории босамар ба роҳ мондаанд, пеш аз ҳама дар соҳаи кишоварзӣ ва тасмим доранд, ки оянда барои коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ корҳои назаррас анҷом диҳанд.

Пас аз мулоқот миёни Тоҷикистон ва музофоти Хэнани Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат ба имзо расид, ки тибқи он аз ҷониби ширкатҳои ин музофот дар Тоҷикистон бо харҷи беш аз 800 миллион доллари амрикоӣ корхонаҳои зиёди саноатӣ бунёд хоҳад ёфт.

Дар навбати аввал комбинати орд, корхонаи нуриҳои минералӣ ва заводҳои равғанкашӣ ва коркарди тухмии зироатҳои кишоварзӣ бунёд меёбанд. Минбаъд ҳамчунин сохтмони корхонаҳои истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, хӯроки омехтаи чорво ва бунёди хоҷагиҳои чорводорӣ дар назар аст.

Изҳори бовар карда шуд, ки чунин ҳамкорӣ ба таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар аст, мусоидати фаъол мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...