Нақшаи пешбинишудаи истихроҷи ангишт пеш аз муҳлат иҷро шуд

Корхонаҳои истихроҷи ангишти Тоҷикистон нақшаи солонаи пешбинишудаи истеҳсоли 700 ҳазор тонна ангиштро пеш аз муҳлат ба иҷро расониданд. Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ хабар доданд, ба санаи 7-уми ноябр дар ҷумҳурӣ беш аз 710 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 262 ҳазор тонна зиёдтар мебошад. Ба […]

Пайрав Чоршанбиев



Корхонаҳои истихроҷи ангишти Тоҷикистон нақшаи солонаи пешбинишудаи истеҳсоли 700 ҳазор тонна ангиштро пеш аз муҳлат ба иҷро расониданд.

Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ хабар доданд, ба санаи 7-уми ноябр дар ҷумҳурӣ беш аз 710 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 262 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

Ба итттилои манбаъ, ҳаҷми ангишти фурӯхташуда 678 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 300 ҳазор тонна бештар аст.

«Харидорони асосии ангишт корхонаҳои саноатӣ ва бахши энергетика мебошанд, ки аз ҳаҷми умумии ангишти фурӯхташуда 82%-аш ба ҳиссаи онҳо рост меояд. Аз ҷумла маркази барқи гармидиҳии Душанбе зиёда аз 184 ҳазор тонна ангишт харид», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон захираи ангишти хушсифат дар анборҳои корхонаҳо ва нуқтаҳои фурӯш беш аз 56 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорат, феълан зиёда аз 160 корхонаҳои саноатии кишвар ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар муқоиса бо соли 2012 соли гузашта истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 25% афзуда, ба 518 ҳазор тонна расид. Ҳаҷми ангишти фурӯхташуда ба истеъмолгарон бошад, аз 424 ҳазор то ба 482 ҳазор тонна расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.