Озмуни Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангии сафорати ИМА

Сафорати  Иёлоти Муттаҳида озмуни Хазинаи сафиронро оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ (ХСҲМФ) кушода эълон менамояд.  Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, ХСҲМФ барномаҳоро аз қабили барқарор намудани иморатҳои бостонӣ  ва таърихӣ, арзёбӣ  ва ҳифзи дастнависҳои нодир ва нигораҳои  осорхонаҳо, нигоҳ доштан ва ҳифз намудани  мавзеҳои  муҳими бостонӣ, сабту хуҷҷатгузорӣ  намудани ҳунарҳои миллӣ ва забонҳои […]

ASIA-Plus



Сафорати  Иёлоти Муттаҳида озмуни Хазинаи сафиронро оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ (ХСҲМФ) кушода эълон менамояд. 

Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, ХСҲМФ барномаҳоро аз қабили барқарор намудани иморатҳои бостонӣ  ва таърихӣ, арзёбӣ  ва ҳифзи дастнависҳои нодир ва нигораҳои  осорхонаҳо, нигоҳ доштан ва ҳифз намудани  мавзеҳои  муҳими бостонӣ, сабту хуҷҷатгузорӣ  намудани ҳунарҳои миллӣ ва забонҳои маҳаллӣ, ки зери хатари нестшавӣ қарор гирифтаанд дастгирӣ менамояд. 

Гуфта мешавад, Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ дар соли 2001 ҷиҳати нигоҳ доштани  мероси фарҳангӣ ва зоҳир намудани  эҳтироми ИМА нисбат ба фарҳангҳои ғайр таъсис дода шудааст. Мероси фарҳангӣ нишонаест аз саҳмгузорӣ ва таҷрибаи таърихии башарият. То ба имрӯз сафорати  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таввасути гранти ХСҲМФ 15 барномаро дар Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 540000 доллари амрикоӣ дастгирӣ намудааст.

 Зимнан зикр мегардад, ки 12 ноябри соли ҷорӣ машварати  иттилоотӣ роҷеъ ба барномаи мазкур дар Гӯшаи Амрико вокеъ дар Китобхонаи милли дар ошёнаи 4-ум  баргузор мегардад. Ташкилотҳое, ки нияти дар озмун иштирок карданро доранд, метавонанд дар машварати мазкур иштирок намоянд. Маълумоти муфассал дар ин хусус дар сомонаи 

http://dushanbe.usembassy.gov/amb_fund.html

 қобили дарёфт аст.

Мӯҳлати охирини супоридани ҳуҷҷатҳо 28 ноябри 2014 мебошад. Ҳуҷҷатҳои супурда аз рӯзи пешниҳод шуданашон таҳти баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. . Пешниҳоди  ҳуҷҷатҳо пеш аз муҳлати ниҳоӣ қобили қабул аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.