CNMM: Истихроҷи тилло аз кони Покрӯд соли оянда оғоз меёбад

Дар вохӯрии сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ширкати миллии металлургию кӯҳкории Чин (CNMM) Луо Тао дар шаҳри Пекин масоили вобаста ба корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи тилло дар кони Покрӯди Тоҷикистон баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зикр гардидааст, киин ширкат яке аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳон дар ин соҳа буда, дар […]

ASIA-Plus



Дар вохӯрии сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ширкати миллии металлургию кӯҳкории Чин (CNMM) Луо Тао дар шаҳри Пекин масоили вобаста ба корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи тилло дар кони Покрӯди Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зикр гардидааст, киин ширкат яке аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳон дар ин соҳа буда, дар зиёда аз 30 минтақаи Чин ва беш аз 10 кишвари ҷаҳон фаъолият мекунад ва ба истихроҷи 40 намуди металҳои гаронарзиш ва нодир машғул аст.

Барои корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи тиллои кони Покрӯди Тоҷикистон ин ширкат тасмим дорад, ки беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда, зиёда аз 1000 ҷойи корӣ муҳайё созад.

Тибқи нақшаи пешакӣ истихроҷи тилло аз ин кон бояд соли 2015 оғоз ёбад ва дар давраи аввал ин ширкат ҳар сол ба буҷети Тоҷикистон беш аз 6 миллион доллари амрикоӣ андоз хоҳад супорид.

Роҳбарияти ширкат тасмим дорад, ки ҳамчунин дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони мактабу бемористонҳо иштирок намояд.

Қобили зикр аст, ки айни замон КМ «Зарафшон» ва «Апрелевка» дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ва корхонаи «Шугноб» дар Хатлон аз корхонаҳои бузургтарини истихроҷи тиллои Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.