Ҳукумат аз пардохти андоз озод кардани корхонаи сементи Тоҷикистону Чинро дархост кард

Ҳукумати Тоҷикистон ба унвони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дархост ирсол намуда, пешниҳод кард, ки корхонаи нави сементбарорӣ дар болои ағбаи Чормағзак, ки сохтмонаш идома дорад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ барои вуруди таҷҳизот ва технология ба ҷумҳурӣ озод карда шавад. Муовини раиси Кумитаи иқтисод ва молияи МНМО ҶТ, вакил Сафаралӣ […]

Аваз Юлдошев



Ҳукумати Тоҷикистон ба унвони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дархост ирсол намуда, пешниҳод кард, ки корхонаи нави сементбарорӣ дар болои ағбаи Чормағзак, ки сохтмонаш идома дорад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ барои вуруди таҷҳизот ва технология ба ҷумҳурӣ озод карда шавад.

Муовини раиси Кумитаи иқтисод ва молияи МНМО ҶТ, вакил Сафаралӣ Гулов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки таҷҳизот ва технология ба маблағи умумии 20 млн. доллари ИМА, ки ба Тоҷикистон ворид мегарданд, аз пардохти андоз дар ҳаҷми 4,6 млн. доллари ИМА озод карда мешаванд.

«Пас аз оғози фаъолияти корхона ҳамасола ба буҷети кишвар аз 60 то 100 млн. сомонӣ маблағ ворид шуда, ғайр аз ин, дар корхона беш аз 1 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд. Корхона ҳамчунин ба обёрии 2 ҳазор гектар замин дар шаҳри Ваҳдат уҳдадор шуд», – қайд кард Гулов.

Ёдрас мекунем, ки санаи 1-уми октябри соли гузашта бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар болои ағбаи Чормағзак сохтмони як корхонаи бузурги сементбарорӣ оғоз ёфт.

Чунонки аён гардид, ин корхонаи азими саноатӣ бо иқтидори солонаи 600 ҳазор тонна семент аз ҷониби ширкати муштараки Тоҷикистону Чин ТОҶЧИН бо харҷи беш аз 20 миллион доллари амрикоӣ бунёд хоҳад ёфт. Аз ин маблағ 51% сармояи мустақим аз доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 49% сармояи соҳибкорони хусусии Тоҷикистон мебошад.

Ояндаи наздик ҳаҷми сармоягузорӣ то ба 50 миллион доллари амрикоӣ ва иқтидори истеҳсолии корхона ба 1,5 миллион тонна семент дар як сол расонда хоҳад шуд.

Тавре иттилоъ доданд, дар ин ҷо дар давраи сохтмон то 500 нафар ва пас аз ба кор даромадани корхона 250 кас бо корӣ доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Чуноки таъкид гардид, беш аз 80% коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд. Барои аз худ намудани нозукиҳои муҳандисию техникӣ ва технологии ин корхонаи муосир беш аз 50 нафар ҷавонони тоҷик бо ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба аз Ҷумҳурии Мардуми Чин дар Тоҷикистон омӯзонда ва омода карда мешаванд.

Ба иттилои роҳбарияти чинии корхона ин иншооти азими саноатӣ бо технологияи навтарини ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардида, истеҳсолоти он бепартов хоҳад буд ва ҳеҷ зарари экологӣ ба табиати зебои ин мавзеъ нахоҳад расонд.

Дар ин ҷо сементи навъи 500 ва 600 истеҳсол мегардад, ки дар бозори дохил ва хориҷи кишвар харидорони бешумор дошта, дар сохтмони тамоми намуди иншоот, аз ҷумла иншооти бузурги саноатӣ ва гидротехникию гидроэнергетикӣ низ васеъ истифода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.