Сокини афвшудаи Суғд падарашро ба қатл расонид

Як сокини вилояти Суғд, ки чанде қабл мавриди афв қарор гирифта буд, падарашро ба қатл расонид. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъи муътамад дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд хабар дод, чанде қабл шомгоҳон сокини 31-солаи ҷамоати Дар-Дари ноҳияи Айнӣ Табур Ғафуров зимни муноқиша бо падари 55-солааш ӯро бо як чӯбе ба сараш мезанад. Ба иттилои […]

Мавлуда Рафиева



Як сокини вилояти Суғд, ки чанде қабл мавриди афв қарор гирифта буд, падарашро ба қатл расонид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъи муътамад дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд хабар дод, чанде қабл шомгоҳон сокини 31-солаи ҷамоати Дар-Дари ноҳияи Айнӣ Табур Ғафуров зимни муноқиша бо падари 55-солааш ӯро бо як чӯбе ба сараш мезанад.

Ба иттилои мнбаъ, бар асари ин зарба мард ҷароҳат бардошта, дар ҷорйи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Табур Ғафуров соли 2010 мутобиқи моддаҳои 111 (Қасдан расонидани зарари  миёна ба саломатӣ) ва 244 (Дуздӣ)-и КҶ ҶТ маҳкум шуда буд. Санаи 4-уми ноябри соли равон мувофиқи Қонун «Дар бораи афв» мавриди афв қарор гирифт.

«Аз рӯйи ин далел барои оғози парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаи 110, қ. 3-и КҶ ҶТ (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардида бошанд) чораҷӯӣ шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад», – гуфт манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.