Нигаронии вазири кишоварзӣ аз сардиҳои барвақти иқлим

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо назардошти тағйирёбии боду ҳаво, сардшавиву боришоти аз ҳад зиёди рӯзҳои охир таҳти роҳбарии вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Роҳбар ситоди навбатии ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки дар ҷаласаи мазкур кулли аъзои ситоди ҷумхуриявӣ иштирок намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, вазир зимни баромади худ аз хунукии барвақти […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо назардошти тағйирёбии боду ҳаво, сардшавиву боришоти аз ҳад зиёди рӯзҳои охир таҳти роҳбарии вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Роҳбар ситоди навбатии ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки дар ҷаласаи мазкур кулли аъзои ситоди ҷумхуриявӣ иштирок намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, вазир зимни баромади худ аз хунукии барвақти иқлим дар Тоҷикистон изҳори ташвишу нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва ғалладонагиҳо, аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода карда шуда, ҳамкориро бо ситодҳои ҷамоату ноҳия ва вилоятҳо пурзӯр намоянд. Ҳосили боқимондаи зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, меваю сабзавот низ саривақт ҷамъоварӣ ва захира карда шавад. Баҳри зиёд намудани маҳсулотҳои ба содирот нигаронидашуда, аз ҷумла зиёд намудани заминҳои кишти пиёз чораҳои амалӣ пешбинӣ гардад.

«Ҳамзамон масалаи захираи тухмии зироатҳои кишоварзиро дар мадди аввали фаъолияти сохторҳои вазорат қарор дода, барои самаранок гузаронидани кишти тирамоҳӣ ва омодагӣ ба кишти баҳорӣ ҳаматарафа чораҳои зарурӣ андешидан лозим аст», – қайд намуд Қосим Роҳбар.

Гуфта мешавад, инчунин сохторҳои вазорат вазифадор карда шуданд, ки баҳри самаранок ва саривақт ба анҷом расонидани кишти тирамоҳӣ, омода намудани замин барои ҳосили соли оянда ва ҷамъоварии захираи кофии хӯрокаи чорво чораҳои  амалӣ андешанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аъзои ситоди ҷумҳурӣ вазифадор карда шуданд, ки баҳри сари вақт иҷро намудани супоришҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон оиди омодагӣ ба зиминстонгузаронӣ бо  мақомотҳои маҳалӣ ҳамкориро пурзӯр намоянд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.