Оғози барномаи таълимӣ оид ба дизайни телевизионӣ дар ТҶ «Хома»

Имрӯз, 10 ноябри соли равон дар ТҶ «Хома» аввалин барномаи таълимӣ оид ба дизайни телевизионӣ  шурӯъ шуд. Барномаи таълимӣ кормандони телевизион ва донишҷӯёни факултаҳои дизайни мактабҳои олии Тоҷикистонро ҷалб намудааст, ки мехоҳанд донишу малакаи худро дар соҳаи дизайн сайқал диҳанд. Дар миёни иштирокчиён нафароне низ ҳастанд, ки ҳунари рассомӣ ва донишҳои базавии компютерӣ дошта, оянда […]

ASIA-Plus



Имрӯз, 10 ноябри соли равон дар ТҶ «Хома» аввалин барномаи таълимӣ оид ба дизайни телевизионӣ  шурӯъ шуд. Барномаи таълимӣ кормандони телевизион ва донишҷӯёни факултаҳои дизайни мактабҳои олии Тоҷикистонро ҷалб намудааст, ки мехоҳанд донишу малакаи худро дар соҳаи дизайн сайқал диҳанд. Дар миёни иштирокчиён нафароне низ ҳастанд, ки ҳунари рассомӣ ва донишҳои базавии компютерӣ дошта, оянда хоҳиши бо графикаи телевизионӣ машғул шуданро доранд.

Дар варакаи иттилоотии ТҶ «Хома» дар ин робита зикр мегардад, ки барномаи таълимӣ аз ду давра иборат аст. Даври аввал панҷ рӯз идома ёфта (10-14 ноябр), онро тренерони маҳаллӣ мегузаронанд.

Мувофиқи нақшаи таълимӣ дар даври якуми омӯзиш ба иштирочиён барномаҳои махсуси компютерӣ омӯзонида мешаванд, ки тариқи онҳо сохтани саҳнаи вертуалӣ, декаратсияҳо ва «муқоваи» барномаҳои телевизионӣ осон мегардад. Ҳамзамон бо иштирочиён рассомон, аккосон, наворбардорону коргардонони ботаҷриба кор бурда, ба онҳо нозукиҳои кори телевизион,  истифода ва танзими  дурусти наворҳо, сохтани  эскизи декоратсияҳои телевизионӣ, фарқи тобиши ранг ва рушаниро  меомӯзонанд.

Дар барномаи таълимӣ кор бо барномаҳои Adobe AfterEffects, 3ds Max ва Adobe Photoshop дар назар аст.

Даври якум иштирокчиёнро ҳамаҷониба барои даври дуюми омӯзиши дизайни телевизионӣ омода месозад, ки рӯзҳои 24-28 ноябр ба нақша гирифта шудааст. Дар он бо ҷалби тренери хориҷӣ  иштирокчиён бо омӯзиши графикаи телевизионӣ, ороиши саҳна ва брендинги шабакаи телевизионӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар доираи амалишавии даври омӯзишӣ аз худ намудани технологияи муосири телевизионӣ, лоиҳакашӣ, такмили малакаи кор бо дизайни графикӣ ва корҳои амалӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Баъди пурра гузаштани даври омӯзишӣ, ҳар як иштирокчии он ҳамчун кори мустақилона бастаи тайёри дизайни як барномаи телевизиониро омода мекунад, ки дар эфири шабакаи телевизиони мустақил ва ё давлатӣ истифода мешавад.

Даври омӯзиширо Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии  Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Маркази рушди маълумоти журналистӣ» амалӣ  хоҳад кард, ки хадафи асосиаш ҳалли мушкилоти норасоии кадрҳо дар  соҳаи ВАО-и ватанӣ  мебошад.


Маълумотнома:

ТҶ «Хома» барои баландшавии сатҳи касбии журналистон, васеъшавии  дониши ҳуқуқии онҳо, идоракунии босамари ВАО ва дар маҷмӯъ ба рушди журналистика дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.  Вусъат бахшидан ба кори ВАО чопӣ ва электронӣ ҳадафи  асосии ташкилот ба ҳисоб меравад.  ТҶ «Хома» дар самти рушди журналистикаи иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ фаъолият мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.