Раиси ҲНИТ: Интихоботи ғайридемократӣ ба нафъи ифротгароён аст

– Агар интихоботи қарибулвуқӯъ ба парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ шаффофу демократӣ сурат гиранд, он ба таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишвар, таъмини сулҳу субот дар давлат хизмат хоҳад кард, вале агар ғайридемократӣ ҷараён гиранд, он ба нафъи ифротгароён (эсктремистҳо) хоҳад буд, – чунин ибрози андеша кард чанде қабл дар маҷлис дар дафтари кории ҲНИТ […]

Аваз Юлдошев



– Агар интихоботи қарибулвуқӯъ ба парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ шаффофу демократӣ сурат гиранд, он ба таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишвар, таъмини сулҳу субот дар давлат хизмат хоҳад кард, вале агар ғайридемократӣ ҷараён гиранд, он ба нафъи ифротгароён (эсктремистҳо) хоҳад буд, – чунин ибрози андеша кард чанде қабл дар маҷлис дар дафтари кории ҲНИТ дар пойтахт раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ.

Котиби матбуотии ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Кабирӣ аз ҳамҳизбиёнаш даъват кардааст, ки фаъолона дар интихобот ширкат варзида, бо ин «дар қалбҳои ҷавонон эҳсоси умедворӣ ба ояндаи хубтарро барангезанд».

Раиси ҲНИТ зикр кардааст, ки имрӯзҳо ҳукумат таъмини шаффоф ва демократӣ баргузор шудани интихоботро ваъда медиҳад ва аъзои ҳизби таҳти раҳбарии ӯ қарордошта бояд воқеъан собит созанд, ки ин ваъдаҳо танҳо суханони холиву подарҳаво нестанд.

Ба гуфтаи котиби матбуотӣ, дар маҷлис ҳамчунин қайд шудааст, ки тайи моҳи ахир фишор болои аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хеле коҳиш ёфтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.