Зимни суханронии имрӯза дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳукумати мамлакат хусусан тайи солҳои охир ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, муосиргардонии назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба тарбияву такмили фарҳанги риояи қонуният диққати махсус медиҳад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти мамлакат, сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки имрӯз шаҳрвандон ба кормандони милиса эътимод дошта, бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд.
Президент бахусус нақши кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар барқарор кардани сохти конститутсионии давлат, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун таъкид намуд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки дар панҷ соли охир барои ВКД 60 бино ва иншооти маъмурӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар бунёд гардида, тӯли 10 соли охир маоши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қариб 20 баробар зиёд карда шуд ва ҳамчунин дар доираи амалисозии барномаи рушди милитсия дар солҳои 2014-2020 ҷиҳати ҳавасмандгардонии кормандони соҳа давра ба давра чораҷӯӣ карда мешавад.
Зимни суханронии худ президент таъкид намуд, ки чанд рӯз пеш дар кишвар Қонун “Дар бораи авф” қабул гардид, ки амали он нисбат ба даҳ ҳазор нафар татбиқ мегардад ва вазифаи, пеш аз ҳама, мақомоти корҳои дохилӣ аз он иборат аст, ки шахсони аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ рухсатшударо ба қайд гирифта, ба онҳо дар бобати таъминот бо шуғл ва умуман ҳамгироӣ бо ҷомеа ва зиндагиву фаъолияти осоишта кумак расонанд.


