Ҷашни ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ дар Тоҷикистон

Аз 17 то 21 ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ ҷашн гирифта мешавад. Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ҳафта бо намоишгоҳи таҳсилотӣ воқеъ дар Маркази Исмоилия шурӯъ мешавад, ки он 17 ноябр аз соати 13:00 то 16:00 баргузор гашта, дар он муассисаҳои таълимӣ аз қабили Шўрои амрикоӣ (ACCELS), Маркази машваратии таҳсилотӣ (EducationUSA), Институти […]

ASIA-Plus


Аз 17 то 21 ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ҳафта бо намоишгоҳи таҳсилотӣ воқеъ дар Маркази Исмоилия шурӯъ мешавад, ки он 17 ноябр аз соати 13:00 то 16:00 баргузор гашта, дар он муассисаҳои таълимӣ аз қабили Шўрои амрикоӣ (ACCELS), Маркази машваратии таҳсилотӣ (EducationUSA), Институти Ҷамъияти Кушода (OSI), Маркази фарҳангии Бактрия, Барномаи Эрасмус+ , Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD), Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA) ва Маркази Таълимии “Мултикид”иштирок хоҳанд кард. Ҳар яке аз ин муассисаҳо ба ҳавасмандон оиди барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил маълумот пешниҳод намуда, ҳамчунин ба саволҳои онҳо ҷавоб хоҳанд дод.

Гуфта мешавад, ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ як имконият барои таҷлил намудани самараи таҳсил ва табодули байналмилалӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон мебошад. Ин ташаббуси муштараки Департаменти давлатӣ ва Вазорати маорифи ИМА як ҷузъест аз кӯшишҳои Иёлоти Муттаҳида дар тарғиби барномаҳое, ки аз як тараф,  барои омода сохтани халқи Амрико ба зиндагӣ дар муҳити ҷаҳонӣ равона гашта, аз тарафи дигар, пешвоёни кишварҳои дигарро ба омӯхтан ва истифода бурдани таҷрибаи пешқадами Иёлоти Муттаҳида ҷалб менамояд. Барномаҳои табодулӣ дар эҷод кардани ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар, омода намудани пешвоён дар саросари дунё ва беҳтар намудани робитаҳои халқи Амрико бо халқҳои кишварҳои дигар нақши бениҳоят муҳимро мебозанд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.