Имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба хабари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА ва масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ муҳокима гардиданд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 10 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону ИМА ҳудуди 130 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 11% камтар аст. Қариб ҳамаи ҳаҷми муомилои мол ба воридоти маҳсулот аз ИМА ба Тоҷикистон рост меояд.


