Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 48 млн. $ кумаки башардӯстона ворид гардид.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ин кумак бо вазни умумии зиёда аз 3 ҳазор тонна аз 32 кишвари дунё ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба ИМА – 61,6%, Нидерланд – 10,1 %, Русия – 6,7%, Чин – 5,7%, Ҷумҳурии Корея – 3,0%, Дания – 2,8%, Олмон ва Латвия – 1,4%-ӣ, Австрия – 1,2%, Қазоқистон – 1,2%, Эстония – 0,8%, Швеййтсария – 0,7%, Фаронса – 0,5%, Ҳиндустон – 0,4%, Эрон, АМА, Малайзия ва Испания – 0,3%-ӣ, Булғористон, Туркия ва Британияи Кабир – 0,2%-ӣ рост меояд.


