Муроҷиатномаи Шӯрои иттифоқҳои касаба дар робита ба пардохти музди меҳнат

Шӯрои генералии иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба номи сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ширкати холдинги ҶСШК «Барқи тоҷик» ва Агентии беҳдошти замин  ва обёри назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатнома қабул намудаанд. Дар ин муроҷиатномаи худ Шӯрои генералии итифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз роҳбарони ширкатҳои номбурда дархост кардаанд, ки баҳри пардохти қарзи музди меҳнати кормандонашон кӯшишҳои […]

Сайраҳмон Назриев


Шӯрои генералии иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба номи сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ширкати холдинги ҶСШК «Барқи тоҷик» ва Агентии беҳдошти замин  ва обёри назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатнома қабул намудаанд.

Дар ин муроҷиатномаи худ Шӯрои генералии итифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз роҳбарони ширкатҳои номбурда дархост кардаанд, ки баҳри пардохти қарзи музди меҳнати кормандонашон кӯшишҳои ҷиддӣ ба харҷ бидиҳанд.

Роҳбари Федератсияи итифоқҳои касбаи мустақили Тоҷикистон Муродалӣ Солеҳ дар ҳоле пешниҳоди қабули ин муроҷиатномаро кард, ки муовини раиси вилояти Хатлон Абдуҷаббор Баҳодурзода зимни суханрониаш дар назди аъзои Шӯрои генералӣ аз 13,4 миллион қарзи музди меҳнат дар вилоят хабар дод.

Ҷаноби Баҳодурзода илова кард, ки сарфи назар аз кӯшишҳои доимии роҳбарияти вилоят, қарзи музди меҳнат дар зерсохторҳои ҶСШК «Барқи тоҷик»  беш аз 10 миллион сомониро ташкил медиҳад ваа пардохти музди меҳнати зерсохторҳои ин ширкат танҳо аз худи ширкат вобастагӣ дорад, на аз зерсоторҳояш. «Ҳамчунин қарзи идораҳои беҳдошти замин ва оберӣи  низ миллионҳо сомониро ташкил медиҳад», – иброз дошт ӯ.

Сипас Муродалӣ Солеҳ пешниҳод кард, ки як муроҷиатнома аз номи Шӯрои генералии Федератсияи Итифоқҳои касабаи  ҷумҳурӣ ба номи роҳбарони ин корхонаҳо ва сарвазири кишвар қабул карда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.