Аз муассисаҳои ислоҳии Суғд 726 нафар озод шуданд

Дар доираи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» аз 24-уми октябри соли равон аз 5 муасисаи ислоҳии вилояти Суғд 726 нафар озод шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» сарёвари прокурори вилоят Ортиқбой Мирзоев хабар дод, аз муассисаи ислоҳии низомаш шадид 64 нафар маҳкумшудагон, аз муассисаи ислоҳии реҷаи пурзӯр 42 нафар, аз муассисаи ислоҳии сукунат […]

Баҳром Файзуллоев



Дар доираи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» аз 24-уми октябри соли равон аз 5 муасисаи ислоҳии вилояти Суғд 726 нафар озод шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сарёвари прокурори вилоят Ортиқбой Мирзоев хабар дод, аз муассисаи ислоҳии низомаш шадид 64 нафар маҳкумшудагон, аз муассисаи ислоҳии реҷаи пурзӯр 42 нафар, аз муассисаи ислоҳии сукунат 483 нафар, аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд 46 нафар ва аз муассисаи ислоҳии шаҳри Истаравшан 91 нафар озод карда шудаанд.

Аз шумори умумии аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда 710 нафар сокинони вилояти Суғд, 6 нафар сокини вилояти Хатлон, ду нафар аз ВМКБ, се нафар аз шаҳри Душанбе, як нафар аз ноҳияҳои тобеи марказ ва чор нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре хабар дода будем, як нафари афвшуда аллакай

даст ба ҷиноят зад.

 Аввали ҳафтаи равон сокини 31-солаи ҷамоати Дар-Дари ноҳияи Айнӣ Табур Ғафуров зимни муноқиша бо падари 55-солааш ӯро бо як чӯбе ба сараш мезанад, ки бар асари ин зарба мард ҷароҳат бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.