Мулоқоти вазири корҳои дохилӣ бо намояндаи СММ оид ба гурезаҳо

Date:



Ахири ҳафтаи сипаришуда вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Роҳбари Намояндагии Раёсати Олии Комиссариати СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон Кевин Аллен вохӯрӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро дар самти кор бо гурезаҳо, ашхоси бетабаа ва ба паноҳгоҳ эҳтиёҷдошта мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни суханронӣ қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, баҳри ҳимояи ҳуқуқу инсон ва шаҳрванд тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар ин радиф мақомоти корҳои дохилӣ омода аст дар самтҳои зикргардида бо Намояндагии Раёсати Олии Комиссариати СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ ҳамкорӣ намояд.

Дар навбати худ роҳбари Намояндагии Раёсати мазкур Кевин Аллен ба Вазири корҳои дохилӣ барои пазироии самимӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ баён намуд.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...