Мулоқоти вазири корҳои дохилӣ бо намояндаи СММ оид ба гурезаҳо

Ахири ҳафтаи сипаришуда вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Роҳбари Намояндагии Раёсати Олии Комиссариати СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон Кевин Аллен вохӯрӣ анҷом дод. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро дар самти кор бо гурезаҳо, ашхоси бетабаа ва ба паноҳгоҳ эҳтиёҷдошта мавриди баррасӣ қарор доданд. Вазири […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Роҳбари Намояндагии Раёсати Олии Комиссариати СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон Кевин Аллен вохӯрӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро дар самти кор бо гурезаҳо, ашхоси бетабаа ва ба паноҳгоҳ эҳтиёҷдошта мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни суханронӣ қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, баҳри ҳимояи ҳуқуқу инсон ва шаҳрванд тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар ин радиф мақомоти корҳои дохилӣ омода аст дар самтҳои зикргардида бо Намояндагии Раёсати Олии Комиссариати СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ ҳамкорӣ намояд.

Дар навбати худ роҳбари Намояндагии Раёсати мазкур Кевин Аллен ба Вазири корҳои дохилӣ барои пазироии самимӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ баён намуд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.