Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали моҳи октябри соли равон 2 млрд. 122,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори қарзи бернуаи ҷумҳурӣ ҳаҷми қарзи бевоситаи давлатӣ, ки иҷрои хизматгузориҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад, каме бештар аз 1 млрд. 190 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ ба 19,34 млн. $ ва қарзҳои корхонаҳои давлатӣ бидуни кафолати ҳукумат ба 31,5 млн. $ баробар шудааст.
Дар маълумот таъкид мегардад, ки қарзи Хазинаи байнулмилалии асъор барои нигаҳдории баробарии пардохт, ки иҷрои он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистонро таъмин мекунанд, 152,42 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳаҷми қарзи ҷалбшуда аз ҷониби Бонки миллӣ ба 17,43 млн. доллари ИМА баробар аст.
Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҶТ, аввали соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 188,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки ба 25,7% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст.


