Қарзи хориҷии Тоҷикистон тақрибан 66 млн. $ камтар шуд

Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали моҳи октябри соли равон 2 млрд. 122,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори қарзи бернуаи ҷумҳурӣ ҳаҷми қарзи бевоситаи давлатӣ, ки иҷрои хизматгузориҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад, каме бештар аз 1 млрд. 190 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар ҳамин […]

Пайрав Чоршанбиев



Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали моҳи октябри соли равон 2 млрд. 122,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори қарзи бернуаи ҷумҳурӣ ҳаҷми қарзи бевоситаи давлатӣ, ки иҷрои хизматгузориҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад, каме бештар аз 1 млрд. 190 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ ба 19,34 млн. $ ва қарзҳои корхонаҳои давлатӣ бидуни кафолати ҳукумат ба 31,5 млн. $ баробар шудааст.

Дар маълумот таъкид мегардад, ки қарзи Хазинаи байнулмилалии асъор барои нигаҳдории баробарии пардохт, ки иҷрои он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистонро таъмин мекунанд, 152,42 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳаҷми қарзи ҷалбшуда аз ҷониби Бонки миллӣ ба 17,43 млн. доллари ИМА баробар аст.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҶТ, аввали соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 188,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки ба 25,7% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.