Идомаи коҳиши ҳаҷми содироти нахи пахта аз Тоҷикистон

Date:



Дар Тоҷикистон тамоили коҳиши ҳаҷми содироти нахи пахта, ки яке аз  


маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, идома дорад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 94,7 млн. доллари ИМА 59,3  ҳазор тонна нахи пахта содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи арзиш 35,9% ва аз рӯи ҳаҷм 33,1% камтар аст.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 10 моҳи соли 2013 аз Тоҷикистон ба маблағи умумии 147,8 млн. доллари ИМА 86,6 ҳазор тонна нахи пахта содирот шуда буд.

Соли 2013 Тоҷикистон дар маҷмӯъ 115 ҳазор тонна нахи пахтаро ба хориҷи кишвар содирот карда буд, ки маблаги умумиаш тақрибан 190 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Соли 2012 ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба 144 ҳазор тонна ва маблағи умумиаш ба 224 млн. доллари ИМА баробар буданд.

Имсол нахи пахта аз Тоҷикистон асосан ба Туркия, Покистон, Русия, Эрон ва як қатор кишварҳои дигар содирот шуд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта кишоварзони тоҷик беш аз 395 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, дар мавсими имсола зиёда аз 400 тонна ҳосили ин зироатро ба даст оварданианд. То аввали ҳафтаи равон дар ҷумҳурӣ беш аз 90%-и нақшаи пешбинишудаи ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуда, ғунучини ҳосил идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...