Идомаи коҳиши ҳаҷми содироти нахи пахта аз Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон тамоили коҳиши ҳаҷми содироти нахи пахта, ки яке аз   маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, идома дорад. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 94,7 млн. доллари ИМА 59,3  ҳазор тонна нахи пахта содирот шудааст, ки нисбат ба […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар Тоҷикистон тамоили коҳиши ҳаҷми содироти нахи пахта, ки яке аз  


маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, идома дорад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 94,7 млн. доллари ИМА 59,3  ҳазор тонна нахи пахта содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи арзиш 35,9% ва аз рӯи ҳаҷм 33,1% камтар аст.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 10 моҳи соли 2013 аз Тоҷикистон ба маблағи умумии 147,8 млн. доллари ИМА 86,6 ҳазор тонна нахи пахта содирот шуда буд.

Соли 2013 Тоҷикистон дар маҷмӯъ 115 ҳазор тонна нахи пахтаро ба хориҷи кишвар содирот карда буд, ки маблаги умумиаш тақрибан 190 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Соли 2012 ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба 144 ҳазор тонна ва маблағи умумиаш ба 224 млн. доллари ИМА баробар буданд.

Имсол нахи пахта аз Тоҷикистон асосан ба Туркия, Покистон, Русия, Эрон ва як қатор кишварҳои дигар содирот шуд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта кишоварзони тоҷик беш аз 395 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, дар мавсими имсола зиёда аз 400 тонна ҳосили ин зироатро ба даст оварданианд. То аввали ҳафтаи равон дар ҷумҳурӣ беш аз 90%-и нақшаи пешбинишудаи ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуда, ғунучини ҳосил идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.