Сафорат ба таъмини муҳоҷирон бо шиносномаҳои биометрӣ итминон медиҳад

Date:



Сардори Раёсати хиззматгузориҳои консулии Сарраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Садбарг Ғаниева ва консули генералии ҶТ дар шаҳри Екатеринбург Сафар Сафаров бо ҳайати раҳбарии диаспораҳои тоҷикон ва бевосита худи муҳоҷирон дар шаҳрҳои Новосибирск, Кемерово, Томкс, Омск, Новокузнетск, Рубтсовск, Барнаул ва Оби ҳавзаи Сибири Русия мулоқот ороста, ба онҳо дар бораи тартиби гирифтани шиносаҳои биометрии хориҷӣ ва қоидаҳои нави муҳоҷирати Русия аз оғози соли оянда маълумот доданд.

Дар ҳамин ҳод, намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод итминон медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия набояд аз масъалаи таъмин шуданашон бо шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ташвиш дошта бошанд.

«Барои марҳила ба марҳила таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо шиносномаҳои биометрии хориҷӣ мо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода истодаем. Ба ин масъала муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Озода Раҳмон масъул буда, ҷараёни иҷрои он таҳти назорати шахсии сафири ҶТ дар Русия Имомуддин Сатторов қарор дорад. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки аз ҷониби ҳамтоёни Русия ин масъала ба хубӣ дарк шуда, хоҳиши кумак мавҷуд аст», – итминон дод Эгамзод.

Қобили зикр аст, ки айни замон шаҳрвандони тоҷики муқими Русия аз Консулгарии Тоҷикистон дар Маскав ва ҳамчунин консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа шиносномаҳои биометрии хориҷии Тоҷикистонро дастрас карда метавонанд. Ояндаи наздик ифтитоҳи нуқтаҳои иловагии додани шиносномаҳои биометрии хориҷии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Новосибирск ва Краснодари ин кишвар дар назар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...