Дастоварди гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар Ҷопон ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд). Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ», дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки рӯзҳо 21-23 ноябр дар шаҳри Наритаи Ҷопон баргузор шуд, нахуст паҳлавони маъруфи тоҷикАкмалиддин Каримов рӯзи 22-юми ноябр дар рақобатҳо дар вазни […]

ASIA-Plus



Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар Ҷопон ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд).

Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ», дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки рӯзҳо 21-23 ноябр дар шаҳри Наритаи Ҷопон баргузор шуд, нахуст паҳлавони маъруфи тоҷикАкмалиддин Каримов рӯзи 22-юми ноябр дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг мақоми севумро касб кард.

Гуфта мешавад, дар ин вазн Вахтанги Чидрашвили (Гурҷистон) ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт. Аймерген Аткунов(Русия) барои ҷойи дувум медали нуқра гирифт. Ба ҷуз Акмалиддин Каримов, Масанори Араки (Ҷопон), ки мақоми севумро соҳиб гашт, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.  

Зимнан зикр мегардад, ки дар рӯзи охирини мусобиқа – 23-юми ноябр – паҳлавони дигари тоҷикХушқадам Хусравов дар вазни то 62 кг барои ҷойи дувум бо медали нуқра қадрдонӣ шуд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Борис Борисов (Булғористон) мағлуб гашт.


Акс аз радиои «Озодӣ».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.