Ҳашт сокини Суғди машғули таҳсил дар кишварҳои исломӣ ба ватан барнагаштанд

Date:



Ҳашт тан аз сокинони вилояти Суғд, ки дар кишварҳои исломӣ машғули таҳсиланд, ба ватан барнагаштанд.

Мудири шуъбаи умури дини ҳукумати вилояти Суғд Абдуҳаким Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар кишварҳои исломӣ дар маҷмӯъ 644 нафар сокинони вилоят таҳсил мекарданд ва то имрӯз 636 нафарашон ба ватан баргаштанд.

«Тибқи маълумоти мавҷуда, феълан дар кишварҳои исломӣ 8 тан аз сокинони вилоят боқӣ мондаанд, ки се нафарашон расман дар кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, ду  тан аз онҳо бидуни иҷозати расмӣ таълим мегиранд ва боз ду нафари дигар бо оилаҳояшон дар Арабистону Саудӣ иқомат дошта, як нафар мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад», – иброз дошт Шарифов.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли 2010 президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ин масъала изҳор намуда буд, ки «… интизор нашавед, ки фарзандони шумо мулло мешаванд, онҳо ифротаро мешаванд». Пас аз ин огоҳии президент ҷараёни бозгашти ҷавонон аз кишварҳои исломӣ ба ватан оғоз гардида, масъулияти ин кор ба дӯши мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор шуд.

«Баҳри мусоидат ва таъмини ҷавонони ба ватан баргашта бо ҷойи корӣ ва таҳсил мо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳем ва ҳамчунин барои бозгашти 8 нафар сокинони боқимондаи вилоят аз кишварҳои исломӣ низ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳем кард», – таъкид дошт Абдуҳаким Шарифов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...