Мақоми 25-уми Тоҷикистон дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё

Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки аз 14-ум то 23-юми ноябр дар ҷазираи Пҳукети Тайланд бо ширкати варзишгарони 43 кишвари баргузор шуд, бо касби се медал (як тилло ва ду биринҷӣ) дар зинаи 25-ум ҷойгир шуд.   Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 19 варзишгар (15 мард ва 4 […]

ASIA-Plus



Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки аз 14-ум то 23-юми ноябр дар ҷазираи Пҳукети Тайланд бо ширкати варзишгарони 43 кишвари баргузор шуд, бо касби се медал (як тилло ва ду биринҷӣ) дар зинаи 25-ум ҷойгир шуд.

 

Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 19 варзишгар (15 мард ва 4 зан) дар 6 намуд – самбо (2 мард), ҷиу-ҷитсу (3 мард ва 1 зан), гуштии кураш (4 мард), волейболи соҳилӣ (2 мард ва 2 зан), варзиши сабук (ҷаҳидан ба дарозӣ, 1 мард) ва муайтай (3 мард ва 1 зан) намояндагӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки паҳлавони маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар сабқати гуштии кураш дар вазни беш аз 90 кг дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Икромиддин Аҳмадӣ аз Афғонистон ғолиб омад ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов дар ин намуд дар вазни то 90 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Медали севумро ба Тоҷикистон Ҷомӣ Латифов овард. Вай дар риштаи муайтай дар вазни 71 кг соҳиби  медали биринҷӣ гардид. Дар намудҳои самбо, ҷиу-ҷитсу, волейболи соҳилӣ ва варзиши сабук (ҷаҳидан ба дарозӣ) варзишгарони тоҷик медал ба даст оварда натавонистанд.

Ба ин тартиб, дар ҳисоби умумидастаӣ ҳам аз рӯи сифати медалҳо ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо мунтахаби Тайланд бо касби 126 медал, аз он ҷумла 56 нишони тилло, 37 медали нуқра ва 33 нишони биринҷӣ ҷойи аввалро азони худ кард. Мунтахаби Чин бо касби 48 медал (16 тилло, 11 нуқра ва 21 биринҷӣ) дар ҷойи дувум қарор гирифт. Варзишгарони Кореяи Ҷанубӣ, ки 37 медал (9 тилло, 14 нуқра ва 14 биринҷӣ) ба даст оварданд, севум шуданд.     

Умуман, варзишгарони 38 кишвар медалҳои бозиҳоро соҳиб гаштанд ва намояндагони 26 кишвар, аз он ҷумла Тоҷикистон, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин, варзишгарони Қазоқистон 27 медал (8 тилло, 9 нуқра ва 10 биринҷӣ), Узбакистон 10 медал (4+0+6), Туркманистон 11 медал (1+3+7) ва Қирғизистон 6 медал (0+3+3) ба даст оварданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.